Ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар бахши коркарди гиёҳҳои шифобахш густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар бахши рушди тибби халқӣ ва ба роҳ мондани истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш зимни шиносоии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи тибби анъанавии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибби халқӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Шумораи бештари мамлакатҳо аҳамияти тибби анъанавӣ дар соҳаи тандурустиро эътироф намуда, онро дар системаҳои миллии тандурустияшон муваффақона истифода менамоянд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи тибби халқӣ» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти самти тибби халқиро муайян менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






