Ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Марии Туркманистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 май вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо ҳокими вилояти Марии Туркманистон Бегенҷмурат Оразов дар бинои Ҳокимияти вилоятӣ дар шаҳри Марӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, оид ба зарурати таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ байни ду мамлакат, хусусан дар доираи татбиқи Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид намуданд.
Дар ин робита ба роҳ мондани тамоси пайвастаи корӣ байни соҳибкорон ва ширкатҳо, иштироки мутақобил дар чорабиниҳои тарафайн ва таҳвили маълумот оид ба лоиҳаҳое, ки дар минтақаҳои Тоҷикистону Туркманистон татбиқ карда мешаванд, муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






