Ҳамоиши ҷумҳуриявии волонтёрон — «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид

Май 3, 2025 09:24

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори оғози моҳвораи ҷавонон бо фарогирии 240 нафар фаъолҷавонони мамлакат таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши ҷумҳуриявии волонтёрон баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани нақши волонтёрон дар ҷомеа, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимоят аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни ҳамоиш аз таҷрибаи муваффақи волонтёрон дар самти корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳамдастӣ дар татбиқи  лоиҳаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуданд.

Ҳамзамон маҳфилҳои доимамалкунандаи назди Кумита муаррифӣ карда шуда, волонтёрон ба фаъолияти ин маҳфилҳо ҷалб карда шуданд. Ин иқдом бо мақсади фаъолгардонии бештари ҷавонон дар самтҳои илм, фарҳанг, варзиш ва иҷтимоиёт амалӣ гардид.

Ҳамоиши ҷумҳуриявии волонтёрон бори дигар собит намуд, ки ҷавонони мамлакат ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат барои ободию пешрафти Ватан омода буда, бо нерую ғайрати ҷавонмардона дар хизмати ҷомеа қарор доранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2025 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд