Аз 29 то 31 май дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 29 то 31 май Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.
Аз ин рӯ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати сокинони пойтахт мерасонад, ки аз 29 то 31 май ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






