Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи футбол баргузор гардид

Май 25, 2025 19:18

ДУШАНБЕ, 25.05.2025  /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд, дар мусобиқа дастаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, байни ҳам рақобат намуданд.

Ҳадафи ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими дустиву рафоқат дар ҷомеа мебошад.

Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои беҳтарин бо Ҷом, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Раиси ноҳия таъкид дошт, ки тавассути чунин чорабиниҳо на танҳо варзиш рушд мекунад, балки руҳи ватандӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа таҳким меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Май 25, 2025 19:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд