Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ҳадафи форум аз ташвиқ ва дастгирии соҳибкории ҷавонон, мубодилаи таҷриба, рушди идеяҳои нав ва таъмини замина барои амалишавии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар байни ҷавонон иборат буд.
Дар форум Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо медали «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сарфароз гардонида шуд. Ин мукофот нишони қадрдонии хизматҳои арзандаи илмӣ, тарбиявӣ ва саҳми ӯ дар рушди иқтидори зеҳнии насли ҷавон мебошад.
Форум бо муҳокимаҳои судманд, пешниҳоди лоиҳаҳои навоварона, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ҷавонон ва соҳибкорон ҷамъбаст гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






