Бахшида ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид

Май 5, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти шоҳасари безаволи адабиёти тоҷику форс «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳои рассом–миниатурнигор, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Олим Камолзода ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар намоиш 50 миниатюраи гуногуни муаллиф, хусусан силсилаҳо аз саҳифаҳои рангини «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва офаридаҳои мусаввир хос ба эҷодиёти пурғановати Ҳофизи Шерозӣ, ки дар солҳои мухталиф тасвир шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Намоиш на танҳо арҷгузорӣ ба шоҳасар ва шоири шаҳири адабиёти тоҷику форс, балки саҳми арзандае дар ҳифз ва рушди суннатҳои миллии рассомии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намоиш то 25 май идома ёфта, дӯстдорони санъату ҳунар имкон доранд бо асарҳои рассом шинос шаванд.

Зимни ифтитоҳи намоиш иброз гардид, ки Олим Камолзода ҳамчун аввалин миниатурнигор дар Тоҷикистон ба рушди ин равияи санъат муваффақ шудааст. Ӯ зимни машғулият бисёр мекӯшад, ки шогирдонаш аз нозукиҳо ва талаботи миниатурнигорӣ огоҳ бошанд ва ин жанрро дар ҷумҳурӣ пурра эҳё намуда, равнақ диҳанд.

 АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 5, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд