Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 1, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин: Коллеҷи техникии касбии Баодин, Коллеҷи касбии Ҷижун, Мактаби муҳандисии илм ва техникаи музофоти Ҳэбэй ва Маркази таълими касбии шаҳри Баодин ба тариқи маҷозӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ёддошти тафоҳум бо мақсади рушди босифати таълими касбии муосир ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълими касбӣ, мубодилаи таҷрибаю захираҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва саноатӣ ба имзо расонида шуд

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар якҷоягӣ стандартҳои барномаҳои таълимии соҳаи мехатроника, захираҳои таълимии онлайн ва омӯзгоронро таҳия менамоянд.

Ҷонибҳо инчунин барои ба мубодилаи кӯтоҳмуддати фарҳангӣ ба давлати якдигар фиристодани донишҷӯёни боистеъдод, ки  муошират ва ҷаҳонбинии байналмилалии ҷавононро густариш медиҳанд, ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 1, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд