Беш аз 100 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳо масъалаи ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ менамоянд

Май 28, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 май бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷавонон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок менамоянд.

Аз шумораи умумии ҷавонони иштироккунанда дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.

Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.

Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд.

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом  муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Май 28, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд