Беш аз 200 нафар донишҷӯён ва магистрантон соҳиби Стипендияи Раиси вилояти Суғд шуданд

Май 13, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 250 нафар донишҷӯ, магистрант ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ соҳиби Стипендияи Раиси вилояти Суғд гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Соли 2024 шумораи стипендияҳо 130 ададро ташкил медод. Имсол ин шумора ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми он низ як баробар зиёд карда шуд.

Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ва созандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди илму маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши босазо доранд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ин қишри ҷомеа такя карда, тарбия ва ба камол расонидани онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа медонад. Барои  расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд дар айни замон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 70 ҳазор нафар таҳсил менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 13, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид