Бо ду ширкати Финландия барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ қарордод ба имзо расид

Май 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ду ширкати Финландия- «Finnish Overseaas Consultants Ltd» ва «SirWay oy» барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР)  қарордод ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Санадро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори  «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио имзо намуданд. Қарордод дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 ба хотири тавсеа ва истифодаи технологияҳои нав  ва марҳилаи чоруми татбиқи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» баста шудааст.

Тавре Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ иброз дошт,  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» соли 2023  дар Тоҷикистони бори аввал баҳисобгирии дороиҳои роҳҳои автомобилгард бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи онҳо  оғоз шуд. Ин  амал аҳамият ва афзалияташро аллакай дар марҳилаи муоинаи роҳҳо нишон дод.

«Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти гирифташуда нуқсонҳои роҳҳои автомобилгардро  муайян месозад. Ин имкон медиҳад, ки роҳҳо сари вақт таъмир ва маблағҳои барои нигоҳдории онҳо ҷудошуда дуруст тақсим карда шаванд», — афзуд вазир ва илова намуд, ки низоми идоракунии дороиҳои роҳ ба таҳияи стратегияи рушди  минбаъдаи онҳо, таъсиси Фонди роҳ, таҳлилҳои иқтисодӣ, мубодилаи иттилоотӣ байни идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва  истифодабарандагони роҳ мусоидат менамояд. Натиҷаи умумии низом имкон медиҳад, ки тавассути ташкили дурусти идоракунии дороиҳои роҳ бахши аъзами ин самти иқтисоди мамлакат метавонад марҳила ба марҳила ба соҳаи худмаблағгузор табдил гардад.

Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Финландия, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд, корҳои нақшавӣ дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд иҷро карда мешаванд.

Директори ширкати «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио  ёдовар шуд, ки    чунин лоиҳаҳоро дар якчанд кишвари дунё муваффақона татбиқ намудаанд. Ба андешаи ӯ, барномаи НИДР ба Вазорати нақлиёт дар нигоҳдории шабакаҳои мавҷудаи роҳҳои ҷумҳурӣ тавассути мониторинги фаъолияти он кумак намуда, татбиқи он ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, зиёд намудани муҳлати истифодаи инфрасохтори нақлиётӣ, сарфаи хароҷот барои таъмир, кам кардани ҳолатҳои садамавии корӣ ва  беҳдошти тақсимоти захираҳои молиявӣ  мусоидат мекунад.

Арзиши умумии корҳо тибқи қарордоди имзошуда  як миллиону сад ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати татбиқи он 14 моҳро дар бар мегирад.

АКС: Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Май 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид