Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 май муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо сарбозону афсарон вохӯрӣ намуда, бо шароити хизматбарии онҳо шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби моддию маънавӣ фароҳам оварда шудааст. Ин ба хизмати ватандӯстона ва садоқатмандонаи онҳо мусоидат менамояд.
«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил дар ҳар суханронӣ иброз менамоянд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, сол то сол мақоми онҳо дар ҷомеа баланд мегардад»,-гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Имрӯз ҷавонон бояд аз фурсати муносиб истифода намуда, дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар пойдории сулҳу субот саҳм гузорем. Зеро Артиши миллӣ мактаби мардонагию матонат, шарафу номус ва ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






