Дар 21 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварати омӯзишӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 32 нафар кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо тренерон барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварти омӯзишӣ баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории машварати омӯзишии тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст. Пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла, 26 май дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 семинари омӯзишӣ барои тренерон оғоз гардид.
Дар оғози семинар директори Марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода вобаста ба моҳият ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ маълумот дода, аз масъулин ва иштирокдорони машварат даъват кард, ки барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва босифат анҷом додани корҳо дар ин самт талош намоянд.
Тренерони баъди омӯзиш омодашуда кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро меомӯзонанд ва онҳоро барои қабул ва гузаронидани имтиҳонҳо тайёр менамоянд.
Семинарҳои омӯзишии тренерон барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 23 нафар шунаванда аз 26 то 27 майи соли 2025 дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 29 то 30 май дар дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар Муассисаи таҳсилоти умумии № 6-и шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 16 нафар шунаванда баргузор мегарданд.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






