Дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумрук дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ рӯнамоӣ гардид

Май 29, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 10-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа фаъолияти кумитаҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дастовардҳои ҷаласаи 9-уми Шуро, ки 20 июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рақамисозии минбаъдаи равандҳои гумрукӣ, такмили расмиёти транзитӣ, рушди низоми минтақавии мубодилаи маълумоти электронӣ (ММЭ) ва таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни давлатҳои аъзо зимни ҷаласа баррасӣ шуданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ барои пешбурди фаъолияти гумрукӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуд.

Дар ҳошияи ҳамоиш котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ — «Дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2026–2035»-ро рӯнамоӣ намуд. Ҳадафи он муосиркунонӣ  ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ бо фарогирии ҳамаи 10 давлати аъзо мебошад.

Ҳамзамон дар самти таҳкими иқтидори кадрии мақомоти гумруки давлатҳои аъзо таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии гумрук, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва дигар шарикони рушд бояд густариш ёбад.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён «Эъломияи Теҳрон»-ро қабул намуданд, ки чаҳорчӯбаи стратегии рушди тиҷорати минтақавӣ, таҳкими ҳамкории гумрукӣ ва пешбурди рақамисозии равандҳоро дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ фаро мегирад.

Ин Эъломия қадами муҳим дар роҳи навсозии амалияи гумрукӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа арзёбӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун минбари муҳими минтақавӣ нақши калидиро дар тақвияти равандҳои ҳамгироӣ, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётӣ, хусусан дар самти ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки давлатҳои аъзо иҷро менамояд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад