Дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ баррасӣ карда шуд

Май 28, 2025 17:47

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов доир гардид, ки дар рафти он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, таъмини амнияти ҳарду давлат ва суботи минтақа муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид