Дар Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон баёнияи матбуотӣ нашр гардид

Май 30, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар  Маркази омӯзиш ва тадқиқоти стратегии АМА аз натиҷаи ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баёнияи матбуотӣ оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим нашр гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, дар баёния инчунин дастовардҳои 30 соли муваффақи равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Аморот, хизматҳои шоёни мутафаккирони барҷастаи илмию фарҳангӣ ва шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик барои рушди илм ва тамаддуни инсонӣ инъикос ёфтаанд.

Баёния дар пойгоҳҳои интернетӣ ва сомонаҳои расмии Маркази омӯзиш ва тадқиқоти стратегии Амороти Муттаҳидаи Араб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои англисӣ ва арабӣ нашр шудааст.

Арабӣ: https://ecssr.ae/…/-ecssrholdsapanelsessiononuae

Англисӣ: https://ecssr.ae/…/-ecssrholdsapanelsessiononuae

Май 30, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд