Дар Бадахшон 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису ташаккул ёфта, шароити мусоид барои афсарону сарбозон фароҳам оварда шуд.
Таҳкурсии кадрии ин ниҳоди муҳофизи марзу буми мамлакат низ таҳким ёфта, дар сафи он ҳоло кадрҳои дорои дониши амиқи касбӣ ва таҷрибаи бойи роҳбарӣ содиқона хизмат менамоянд.
Метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо малакаю маҳорат, кордонӣ ва нерумандию шуҷоати хеш аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, барои ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ далерона қарзи шаҳрвандиро иҷро менамоянд.
Давоми 31 соли фаъолияти кории ин ниҳоди муҳими давлат, ҳазорон нафар афсару сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ зимни адои вазифаи хизматӣ, яъне ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан, пешгирӣ намудани ҳама гуна амалҳои номатлуби хатарнок, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад, ҳамчунин таъмини суботи ҷамъиятӣ, қаҳрамонию фидокории бемисл нишон доданд.
Таъкид шуд, ки ҷавонони баору номуси вилоят давоми чанд соли охир бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллӣ ҳурмату эҳтиром ба арзишҳои баланди ватанпарастӣ нахустин шуда, нақшаи даъват ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистонро таъмин менамоянд, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги вилоят мебошад. Гузашта аз он бештари даъватшудагон ба таври ихтиёрӣ ба нуктаҳои хизмат ҳозир шуда, имрӯзҳо беҳтарин сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қувваҳои марзӣ ва ниҳодҳои дигари низомӣ арзёбӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст ки имрӯзҳо ҳазорон фарзандони содиқи Ватан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ сарбаландона адои хизмат намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон сарбаландона масъулияти шаҳрвандиро иҷро менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба иддае аз афсарону сарбозон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаву сипоснома ва ба собиқадорони ин соҳа туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






