Дар «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад, ки дар он аз ҷониби ҳунармандон ҳунари кашидадӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» бо мақсади иҷрои банди 16-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифату ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ ва муайянсозии тамоюлоти нави ин соҳа мебошад. Инчунин ба ин восита тарғиби истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо истифодаи рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон бештар мешавад.
Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Палатаи савдо ва саноат, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






