Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Лоиҳаи грантии «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодаи китобҳои агентӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Лоиҳаи грант дар доираи ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) амалӣ карда шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «лоиҳа барои ҳамқадам намудани соҳаи китобдорӣ ба замони муосир заминаи хеле хуб фароҳам меоварад. Рақамигардонии осори нашрӣ ва рӯ овардани китобхонаву муассисаҳои китобдорӣ ба технологияи ҷадиди муосир яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои фарҳанг ҳамқадам бо замони муосир бошад. Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳа метавонад қадами устувор барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодаи китобҳои дигар муассисаҳои китобдорӣ бошад».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарҳангу адаб, китобу китобхонӣ, илму маориф, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия яке аз масъалаҳои меҳварӣ буданд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.
Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Он бақайдгирии тамоми анвои маҳсулоти чопии дар ҳудуди Тоҷикистон чопшуда, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои китобшиносӣ, библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносию китобхонашиносиро ба уҳда дорад.
Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун Агентии миллӣ маркази ягонаи тахсисдиҳандаи Рақами стандарти байналмилалии китоб – ISBN маҳсуб мешавад. Бойгонии он захираи ягонаи нашрӣ ва электронии китоб, ҷузва, матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвати фарҳанги миллии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






