Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм бо баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода вобаста ба муҳимияти баргузории конференсия сухан намуд. Иброз гардид, ки донишгоҳ дар самти самаранокии илм яке аз муассисаҳои пешбари илм на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои устодону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифи илми тоҷик дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мебошад.
Дар конференсия як гурӯҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи Ҳафтаи илм, ки аз 21 то 28 апрел идома ёфт, аз ҷониби устодону кормандон 246 мақола доир ба масъалаҳои мубрами илм пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд






