Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани таълими забони русӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Беҳтар намудани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Нақши забони русӣ дар баланд бардоштани дониши махсуси донишҷӯёни мактабҳои олӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ баргузор шуд. Зимни он иброз гардид, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ намуд. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






