Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон масъалаи истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ баррасӣ шуд

Май 14, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар машғулият, озмуну олимпиадаҳо, истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва боло бурдани масъулияти касбии онҳо дар таъмини таҳсилоти босифат зимни  шиносоии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҷараёни таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдон бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

Дар ин замина зарур аст, ки дар донишгоҳ даврҳои омӯзиши фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ бо ҷалби устодони варзида доир ва гурӯҳҳои таълими таҳсилот дар донишгоҳ зиёд карда шаванд.

Ҳамчунин аз раванди татбиқи «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ёдоварӣ гардид.  Ба донишҷуён зарурати омӯзиши мунтазами забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъкид карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 14, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд