Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷаласаи 56-уми Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ аъзои Шуро таваҷҷуҳи асосиро ба такмил додани ҳамкории хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳод дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароии мазҳабӣ ва киберҷиноят равона менамоянд.
Дар назар аст, ки тадбирҳои иловагӣ оид ба муайян намудани ячейкаҳои хуфтаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳия ва тасдиқи лоиҳаи санади таҳлилӣ, ки арзёбии ҳамаҷониба ва пешгӯии рушди таҳдидҳои амниятӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро инъикос мекунад, коркард карда шаванд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин натиҷаҳои татбиқи «Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025»-ро дар соли 2024 натиҷагирӣ хоҳанд кард.
Ҳамзамон ҷаласаҳои мақомоти кории Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсус оид ба самтҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ ва хизматӣ баргузор мегарданд.








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






