Дар Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд

Май 16, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи қувваи барқро муайян намуданд.

Тавре аз ин раёсат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, истиқоматкунандаи кӯчаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанбе Абумуслим Разоқов як муддат аз  барқи ба таври ғайриқонунӣ пайвастшуда истифода намудааст. Зарари расонидаи ин сокини пойтахт 4237 сомониро ташкил медиҳад.

Сокини дигари пойтахт Зубайдулло Қурбонов, истиқоматкунандаи кӯчаи Р.Амакӣ низ берун аз ҳисобкунак неруи барқро истифода бурда, ба шабакаи таъминоти барқ 3796 сомонӣ зарар расонидааст.

Нисбат ба қонунвайронкунандагон бо моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд.

Яъне нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда (1 ҳазору 500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда (3 ҳазору 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ ) то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар ин замина дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Май 16, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд