Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд

Май 30, 2025 17:35

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Хатарҳои марбут ба пиряхҳо ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ: истифодаи огоҳии бармаҳал барои ҳамаи ташаббус» ҷаласаи мавзуии 3-юм баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медидад, ҷаласа ба муҳокимаи таҳдидҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани криосфера ба амал меоянд, бахшида шуд. Аз ҷумла, дар муҳокима ба ҳодисаҳое, аз қабили обхезии кӯли пиряхӣ (GLOF), тармафароӣ, сел ва фурӯ рехтани яхҳо, ки ба ҷамоатҳои кӯҳӣ ва инфрасохтор таҳдид менамоянд, диққат дода шуд. Тағйирёбии иқлим суръати ақибнишинии пиряхҳоро метезонад, ҳаҷми обҳои обшударо зиёд ва мутаносибан хатари офатҳоро бештар мекунад.

Иштирокчиён ба ташаббуси байналмилалии «Огоҳии пешакӣ барои ҳама» (EW4All), ки ба ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Намунаҳои офатҳои табиӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар Уттаракханд (Ҳиндустон, 2021) ва Покистон (2022) низ ҳамчун мисолҳои равшани зарурати пешгӯии муассиртару дастрас ба системаҳои вокуниши барвақтӣ оварда шуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири офатҳои пирях ба ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва пастӣ;  таъсири номутаносиб ба минтақаҳои камбизоат, масалан, Ҳимолой ва Анд;  мушкилоти нарасидани маблағ ва заминаи заъфи техникӣ дар кишварҳои осебпазир;  зарурати ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла мубодилаи фаромарзии маълумот ва технология;  тақвияти иқтидор барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (DRR) ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷаласа намояндагони ҳукумат, олимон, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони фаннӣ барои таҳияи тавсияҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими механизмҳои огоҳсозии бармаҳал ва ҳифзи аҳолӣ дар баробари таҳдидҳои афзояндаи иқлим гирд омадаанд.

Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо- муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба платформаи калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи он, ки дар «Кохи Сомон» баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, меҳмонони олӣ ва дигар роҳбарони ҳайатҳо иштирок намуданд.

Конфронс дар шакли ҷаласаҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар идома дорад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ташкил карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад