Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Хатарҳои марбут ба пиряхҳо ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ: истифодаи огоҳии бармаҳал барои ҳамаи ташаббус» ҷаласаи мавзуии 3-юм баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медидад, ҷаласа ба муҳокимаи таҳдидҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани криосфера ба амал меоянд, бахшида шуд. Аз ҷумла, дар муҳокима ба ҳодисаҳое, аз қабили обхезии кӯли пиряхӣ (GLOF), тармафароӣ, сел ва фурӯ рехтани яхҳо, ки ба ҷамоатҳои кӯҳӣ ва инфрасохтор таҳдид менамоянд, диққат дода шуд. Тағйирёбии иқлим суръати ақибнишинии пиряхҳоро метезонад, ҳаҷми обҳои обшударо зиёд ва мутаносибан хатари офатҳоро бештар мекунад.
Иштирокчиён ба ташаббуси байналмилалии «Огоҳии пешакӣ барои ҳама» (EW4All), ки ба ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Намунаҳои офатҳои табиӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар Уттаракханд (Ҳиндустон, 2021) ва Покистон (2022) низ ҳамчун мисолҳои равшани зарурати пешгӯии муассиртару дастрас ба системаҳои вокуниши барвақтӣ оварда шуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири офатҳои пирях ба ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва пастӣ; таъсири номутаносиб ба минтақаҳои камбизоат, масалан, Ҳимолой ва Анд; мушкилоти нарасидани маблағ ва заминаи заъфи техникӣ дар кишварҳои осебпазир; зарурати ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла мубодилаи фаромарзии маълумот ва технология; тақвияти иқтидор барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (DRR) ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ карда шуданд.
Дар ҷаласа намояндагони ҳукумат, олимон, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони фаннӣ барои таҳияи тавсияҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими механизмҳои огоҳсозии бармаҳал ва ҳифзи аҳолӣ дар баробари таҳдидҳои афзояндаи иқлим гирд омадаанд.
Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо- муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба платформаи калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.
Имрӯз дар маросими ифтитоҳи он, ки дар «Кохи Сомон» баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, меҳмонони олӣ ва дигар роҳбарони ҳайатҳо иштирок намуданд.
Конфронс дар шакли ҷаласаҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар идома дорад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ташкил карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд






