Дар Душанбе маросими оғози татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе чорабинии муҳим бахшида ба оғози расмии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Чорабинӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки агентии татбиқкунандаи лоиҳа мебошад, гузаронида шуд.
Мақсади асосии лоиҳа- вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақамии аҳолӣ мебошад.
Ин ташаббус бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории Швейтсария амалӣ гардида, ҳадафи он табдил додани хизматрасониҳои давлатӣ ба рақамӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ мебошад.
Дар чорабинӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария, ташкилоти байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҳузур доштанд.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Асрор оғоз намуда, ба шарикони рушд ва ҳамаи иштирокчиён изҳори сипос намуд. Муҳаммад Асрор гуфт, ки лоиҳа заминаи бузург барои рушди устувор ва беҳбуди сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон мегардад.
Иштирокчиён зарурати ба воситаи технологияҳои муосири рақамӣ дастрасӣ пайдо намудан, инчунин шаффоф ва зудтар гардонидани хизматрасониҳои давлатиро баррасӣ карданд. Ба нақша гирифта шудааст, ки низоми ягона барои сода кардани ҳамкории байни шаҳрвандон ва сохторҳои давлатӣ таҳия гардида, монеаҳо коҳиш ва самаранокӣ афзоиш меёбанд.
Дар лоиҳа ба рушди саводнокии рақамии аҳолӣ тавассути даврҳои омӯзишӣ, дарсҳо ва тренингҳо, инчунин дастгирии занони соҳибкор тавассути барномаҳои гуногун таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Илова бар ин, мукаммалгардонии инфрасохтори таълимӣ дар минтақаҳои осебпазир ба нақша гирифта шудааст: пайваст кардани мактабҳо ба интернет, омӯзонидани омӯзгорон ва ҷорӣ кардани даврҳои кибернетика ва амният барои омода кардани ҷавонон ба ҳаёт дар ҷаҳони рақамӣ.
Киберамният мавзуи муҳими чорабинӣ буда, ба он аҳамияти хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҳифзи маълумоти шаҳрвандон ва устувории хизматрасониҳои рақамӣ унсурҳои калидии табдили муваффақи рақамӣ мебошанд. Лоиҳа барои таъмини амнияти низомҳои иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ пешбинӣ менамояд.
Ба ҷуз аз ҷанбаҳои техникӣ гуфта шуд, ки рақамисозӣ корҳои ҳамгироӣ ва ҳамаҷонибаро бо аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо талаб мекунад. Барои ҳамоҳангсозии талошҳо бо иштироки намояндагони бахшҳои гуногун гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд.
Қобили тазакур аст, ки созишномаҳои молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» 9 январи соли 2025 ба имзо расидаанд.
Оғози лоиҳа соли 2025 ва ба анҷом расонидани он соли 2031 ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ Чарлз Ҳерпи, мутахассиси аршади рақамӣ ва Роҳбари лоиҳа дар Бонки ҷаҳонӣ иброз дошт, ки лоиҳа барномаи бузургест, ки ҳадафи он эҷоди инфрасохтори рақамии давлатӣ барои ҳукумати Тоҷикистон ва кумак ба аҳолӣ барои азхудкунии малакаҳои рақамӣ мебошад. Таъкид гардид, ки лоиҳа қадами муҳим дар самти мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ ва рушди иқтисодиёти рақамии давлат аст.








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






