Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нахуст меҳмонон бо дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ 60 нафар аз рӯи 15 номинатсия соҳиби ҷойҳои якум дуюм ва сеюм гардида, қадрдонӣ карда шуданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соли дуюм аст, ки бо ташаббуси кумита дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат баргузор мешавад.
Ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, агар аз як ҷиҳат боиси таҳкими дӯстии хонандагон гардад, аз дигар паҳлӯ, ба рушди сайёҳии дохилӣ замина мегузорад, зеро аксарияти донишҷӯён маҳз бо шарофати чунин сабқатҳо ба шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар намуда, бо таърих, имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори мавҷуда шинос мешаванд.
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар ҳолати иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро муаррифӣ намуда, обрӯ ва нуфузи муассисаи таълимиро баланд бардошта, барои ҷалби бештари довталабон ба муассисаи таълимӣ ва ҳавасманд гардидани хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ саҳми арзанда гузоранд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони мамлакат барои омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон касбомӯзии шаҳрвандон ва бо шуғл таъмин намудани нафарони бекорро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар ба ин нукта ишора намуда, таъкид намуданд, ки «боварӣ дорам ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ дар рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи ҷумҳуриамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
«Моро месазад, ки барои баланд бардоштани маҳорату малакаи насли наврас ва барои саҳм гузоштан дар пешрафти илм ва фарҳанг чеҳраҳоеро омода намоем, ки чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он номбардори миллат ва фарҳанги худ бошанд. Маҳз ҳамин гуна озмунҳо боис мегарданд, ки чеҳраҳои нави донишманд пайдо гарданд ва номи миллати тоҷикро дар саросари ҷаҳон баланд бардоранд», -илова намуд Дилрабо Мансурӣ.
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар ду давр баргузор шуда, дар даври якуми он беш аз 1150 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд ва 250 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Даври ниҳоии озмун 26-27 майи соли равон дар Душанбе баргузор шуда, ғолибон муайян гардиданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бавария ҳамкориро дар самти таҳсилоти касбӣ густариш медиҳанд
Оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»
Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд






