Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири амалиёти кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Алӣ Хан баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи ин бонкро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад.
Зимни вохӯрӣ Завқӣ Завқизода ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки исломии рушд дар мамлакат ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар марҳилаи баррасӣ қарордоштаро муҳокима намуда, масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтор, энергетика, обёрикунӣ ва маорифро мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дод.
Ҷонибҳо иҷрои ташаббусҳо ва пешниҳодҳоеро, ки дар доираи мулоқоти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд изҳор гардида буданд, баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






