Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад

Май 14, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳалу хешутаборӣ ва пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.

Даври якум дар деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо нимаи аввали моҳи апрел, даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.

Даври ниҳоии озмун 15 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюм доир карда мешавад.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дуруст, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян карда мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид