Дар Форуми 16-уми байналмилалии иқтисодӣ таҷрибаи Тоҷикистон дар рушди устувори шаҳрҳо муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия Форуми 16-уми байналмилалии иқтисодӣ «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum-2025» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иштирок намуда, оид ба дурнамо ва таҷрибаи Тоҷикистон дар рушди устувори шаҳрҳо сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.
Дар доираи форум Низом Мирзозода дар мавзуи «Таҷрибаи байналмилалии рушди ҳудуд: давлат, тиҷорат ва сармоя» баромад карда, дурнамо ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди устувори шаҳрҳо, рақамисозии соҳаи сохтмон ва амалӣ намудани стандартҳои «сабз» муаррифӣ намуд.
Низом Мирзозода зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкории амалии дуҷониба барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар бахши шаҳрсозӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи BIM, рақамикунонии соҳа, таҳкими ҳамкорӣ дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи меъморӣ, муҳандисӣ ва сохтмониро баён намуд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






