Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
СУҒД, 06.05.2025 /АМИТ «ХОВАР»/. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи неруи барқ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бо иштироки сокинон ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, тағйироте, ки ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, пешбинӣ менамоянд, ки ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима ва ҳатто маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ карда мешавад. Аз ин хотир ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода намуда, маблағи истифодаи онро сари вақт супорем.
Самаранок истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳҳои тарғиботӣ даъват карда шуданд, ки барои самаранок истифода намудани барқ ва гармӣ дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Дар ҳамоиш ба сокинон усулҳои сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонида шуданд.
Изҳор гардид, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардонидани буҷети оилаҳо ва ҳам давлат мусоидат менамояд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






