Дар Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад

Май 26, 2025 16:02

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форум ва намоишгоҳ  бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ, муаррифии имконоти сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва саёҳат дар вилояти Хатлон доир мегарданд. Инчунин ин форум ба рушд додани ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар чор моҳи соли 2025 ба вилояти Хатлон 272 ҳазору 454 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   133 ҳазору 548 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 248 ҳазору 591 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 23 ҳазору 863 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2025 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд
ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2025. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд