Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии доимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ эҳсос карда мешавад. Ин матлабро директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ Амирҷон Нурзода зимни ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин коллеҷ хабар доданд.
Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони ҷумҳурӣ бо руҳбаландию ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши бориз мегузоранд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шудааст.
Сол ба сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда меафзояд, ки ҳамаи ин иқдом далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.
Ҷавонон бояд дар рушди ҷомеа фаъолона саҳм гузоранд. Ҷавонон ояндаи миллат буда, инкишоф ва дастгирии онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат мебошад.
Дар ҳамош ба як зумра ҷавонони фаъол ва ғолибони олимпиадаи тахассусӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






