Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Фестивали идонаи футбол доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид расман пазируфта шудааст, фестивали идонаи футбол баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса.
Директори литсей Асҳобиддини Шералӣ иброз дошт, ки футбол ҳамчун варзиши дӯстдоштатарини ҷаҳонӣ дар байни ҷавонон на танҳо маъруфият, балки аҳамияти тарбиявию солимгардонӣ низ дорад. Таърихи ин рӯз бо номи миллати тоҷик ва ташаббусҳои пайгиронаи Рустами Эмомалӣ – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пайванд буда, ин иқдом Тоҷикистонро дар харитаи ҷаҳонии футбол муаррифӣ менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ бо руҳияи баланди варзишӣ ва ҳамгироии хонандагон дар фазои дӯстию эҳтиром бозии финалии футбол байни дастаҳои синфҳои 8 ва 9 баргузор гардид.
Дар анҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Литсей ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе


















Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






