Дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 1 июн дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинии оммавии варзишӣ дар назар аст, ки 500 нафар меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок намоянд.
Ҳадаф аз баргузории ниммарафон ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки барои захираҳои обии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа аҳамияти хосса доранд.
Мусобиқа дар мавзеъҳои зебоманзари Сафеддара, воқеъ дар километри 50-уми Душанбе, дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр доир карда мешавад. Мақсади он тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд иброз намуд, ки Маҷмааи варзишу истироҳати «Сафеддара» яке аз мавзеъҳои дилрабои Тоҷикистон мебошад. «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмаа дар баландии 2300 метр ҷойгир шуда, дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 ҷойи нишаст амал менамояд. Инчунин дар ин маҷмаа ду хати роҳи ҳаракати ҳавоӣ ба масофаи 2000 метр мавҷуд буда, дорои 140 воситаи болобарандаи варзишгарон мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишу истироҳатии «Сафеддара» иброз доштанд: ««Сафеддара», ки ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи Тоҷикистон мебошад, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохилию хориҷӣ меоянд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии ин маҷмаа имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад».
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ






