Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй гузаронида мешаванд

Май 21, 2025 14:19

 ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дорои 10 кат — 5 кат барои калонсолон ва 5 кат барои кӯдакон мебошад. Шуъба инчунин дорои ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва бистарӣ буда, барои ташхису табобати беморон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон ҳама гуна ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, аз ҷумла хейлоринопластика, уранопластика, ҷарроҳии гирифтани омосҳо, ҷарроҳии пластикию эстетикии рӯй ва ҷоғҳо, кушодани абсесҳо, флегментҳои қисми ҷоғу рӯй, пластикаи устухонҳо, остеосинтезҳои баъди шикастани устухонҳо ва ғайра анҷом дода мешаванд.

Таъсиси шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй имкон медиҳад, ки ташхису табобат ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй аз ин пас дар вилояти Хатлон беҳтар анҷом дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки Маркази стоматологии вилояти Хатлон 27 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид