Дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид

Май 16, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» барои аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, чорабинӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ» баргузор шуда, дар он роҳбарият ва кормандони ҷавони Агентӣ, намояндагони кумита ва аъзои ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш муовини якуми директори Агентӣ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббусҳои судманд ва иқдоми амалӣ дар самти коҳиш ва решакан намудани зуҳуроти коррупсия нақши бориз доранд.

Ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ва пайравони асили сиёсати давлатӣ аз имконияту шароити мусоиди таълим ва рушд бархурдоранд ва дар раванди бунёди ҷомеаи солиму некуаҳвол нақши муҳим доранд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби фаъоли онҳо ба ҷараёни муқовимат бо коррупсия арзёбӣ мегардад.

 АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид