Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ, ки 13 май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, тарафҳо ҷараёни рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро натиҷаи равобити мустаҳками роҳбарони олии ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон ба фаъолияти пурсамари Пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал менамояд, баҳои мусбат дода шуда, он намунаи муваффақи ҳамкорӣ дар самти фарҳангу маориф арзёбӣ гардид.
Ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ барои ояндаи рушди кадрии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалии дуҷониба дар бахши маориф изҳори омодагӣ намуда, оид ба тавсеаи барномаҳои муштарак ва ҷудо гардидани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






