Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ҷаласа доир гардид

Май 24, 2025 15:55

ШАҲРИНАВ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав  иттилоъ доданд.

Иброз  гардид, ки  вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ амри раиси ноҳия «Дар бораи тадбирҳои фаврии пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ» ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон барои иҷрои амри раиси ноҳия роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардиданд, ки дар мавзеъҳо ва канори каналу дарёҳо ва обанборҳо аёнияти «Дар дарё оббозӣ кардан манъ аст!» ё «Дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст!» насб карда шаванд. Инчунин барои огоҳонидани аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ аз тариқи радио ва рӯзномаи маҳаллӣ мунтазам муроҷиатнома пахшу интишор карда шавад.

Роҳбарияти  ноҳия вобаста ба тақвият додани корҳои огоҳонии аҳолӣ оид ба беназорат намондани фарзандонашон супориш доданд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон вохӯриҳо гузаронида, масъулини муассисаҳои таълимӣ вобаста ба ҳолати мазкур муваззаф карда шаванд.

Бояд гуфт, ки мавсими обёрии заминҳои кишоварзӣ оғоз гардида, ҳоло каналҳои ҳудуди ноҳия пур аз об аст. Мутаассифона, ҳамасола аз ҳисоби беаҳамиятии волидайн  ва беназорат гузоштани фарзандон ғарқшавии кӯдакону ҷавонон ба қайд гирифта мешавад. Аз ин рӯ барои сар назадани ҳодисаҳои нохуш падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 24, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад