Дар Санкт-Петербург коллексияи либосҳои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиш дода шуд

Май 22, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос таҳти унвони «Нафаси баҳор» оғоз гардид, ки  дар он сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Зумрад Умарова ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносии факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ Фотима Шоева иштирок доранд.

Дар озмун сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Зумрад Умарова ҳамчун аъзои ҳайати доварон ба кори иштирокдорон баҳо гузошта, он то 23 май идома меёбад.

Дар сабқат коллексияи донишҷӯён Фотима ва Зуҳро Шоева таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» намоиш дода шуд. Дар ҳар либоси коллексия унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса ифода гардидаанд. Дар намунаҳои либосҳои офаридаи ин донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.

Озмуни «Нафаси баҳор» умумирусиягӣ буда, дар он тарроҳон ва моделони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Русия ва иштирокдорон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват мешаванд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ, моделсозӣ ва санъат, инчунин мутахассисони ҷавон, ки на камтар аз 3 сол дар ин соҳа фаъолият доранд, мебошанд.

Озмун соли 1992 аз ҷониби Мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис дода шуда, ҳадафи он таҳия ва пешниҳоди коллексияҳои муосиру ҷаззоб ва неруи кадрӣ дар соҳаҳои мӯду дизайн мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 22, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид