Дар шаҳри Бохтар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Бохтар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дави миллӣ аз Майдони Исмоили Сомонӣ оғоз ёфта, дар он даҳҳо нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, занон ва калонсолон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии Дави миллӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстию бародарӣ, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият ва якпорчагию якмаромии миллат мебошад.
Давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғул мешаванд, чусту чолок ва ҷасуру моҳир мегарданд.
Мусобиқа дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» доир гардида, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари мамлакат гузаронида мешавад.
Дар интиҳои мусобиқа иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






