Дар шаҳри Душанбе Фестивали футбол ва шоми ҷавонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар «Майдони 800-солагии Москва»-и назди Театри давлатии академии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали футбол ва шоми ҷавонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ваҳдату дӯстӣ байни ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ роҳандозӣ шуда, дар он садҳо нафар ҷавонон, варзишгарон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар баробари сокинони пойтахти кишвар инчунин ҳайати иштирокчиёни Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷ низ иштирок намуда, ба фазои фарҳангии мамлакат баҳои баланд доданд.
Дар аз оғози қисми расмии чорабинӣ намоишгоҳ бо намоиши бозиҳои интерактивӣ ва варзишии миллӣ, фестивали футбол бо мусобиқа ва бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои ҷавонон, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва инноватсионӣ бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар бахши расмии чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ҷавононро ба созандагиву худшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа даъват карданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони машҳури эстрадаи тоҷик суруду таронаҳои ҷолиб ва барномаи рангини консерти пешкаши тамошобинон ва ҷавонон гардид. Ин барномаи консертӣ фазои чорабиниро гарму мунаввар гардонида, руҳияи иштирокчиёнро болидаву идона намуд.
Чорабинӣ саҳнаи ҳамбастагии ҷавонон, рушди иқтидорҳои эҷодӣ ва талошҳои пайвастаи онҳо барои ободии Ватан гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхҳурии Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






