Дар шаҳри Истаравшан 4 муассисаи таълимӣ сохта мешавад

Май 16, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан сохтмони 4 муассисаи таълимӣ идома дорад. Инчунин бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон сохтмони 13 мактаби нав оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар айни замон сохтмони бинои иловагӣ барои 480 хонанда дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, бинои иловагӣ барои 960 хонанда дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 1080 хонанда идома дорад.

Сокини деҳаи Ҷавкандак Ҳасанхон Мукаррамов бо дастгирии фарзандонаш иқдом гирифтааст, ки дар деҳа бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-ро бунёд намояд. Ҳоло дар ин макон  сохтмон идома дорад.

Иншоот аз сеошёна иборат буда, барои 1300 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Пас аз анҷоми сохтмон мактаб аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш таъмин карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 16, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад