Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид

Май 11, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обанбори «Норак»  бо ҷалби дӯстдорони табиат, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита иттилоъ медиҳад.

 Зимни ҳашари экологии «Тозагии обанбор» соҳилҳои обанбори Норак аз партов ва ҳар гуна ашёҳои пластикӣ тоза карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ифлосшавӣ боиси таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ва аҳолӣ бо оби сифатноки нӯшокӣ мегардад.

Об омили асосии зиндагӣ буда, ҳифз ва истифодаи самараноки он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Аз ин лиҳоз ҳар сокини Тоҷикистон бояд дар  беҳбуди табиат ва экосистема саҳм гузорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд