Дар Теҳрон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории минбаъда дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гардишгарӣ дар заминаи мусоиди фароҳамомада тақвият хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби эрониро ба иштироки фаъол дар барномаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Сайид Ароқчӣ иттилоъ дод, ки дар кори конфронс ҳайати Эронро муовини аввали Президенти ин кишвар Муҳаммадризо Ориф роҳбарӣ менамояд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






