Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад

Май 12, 2025 10:35

ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари Тоҷикистон  чорабиниҳои муҳим дар самти оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи ҳафтаи футбол, ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст, якчанд  чорабинӣ дохил карда шудааст:

-зиёда аз 25 фестивали футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои мамлакат;

-бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия;

-рақобат барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода;

-бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025;

-оғози мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон;

-мусобиқаҳои кӯдакону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

-мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;

-мусобиқаҳо байни ташкилот.

Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисонро даъват менамояд, ки дар таҷлили  Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок намуда, дар рушди фарҳанги футболи мамлакат саҳм гузоранд.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 12, 2025 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид