Дар Тоҷикистон наздик ба 250  ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 19 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Май 18, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ наздики 250  ҳазор нафар, дар марафони велосипедронӣ беш аз 19 ҳазор нафар  иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Инчунин дар Дави миллӣ дар Душанбе 30 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ 380 нафар иштирок намуданд, Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид.

Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.

Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа — таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Саодати Исайнӣ иброз дошт,  манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст.

«Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст. Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Сохта ва ба истифода додаани иншооти гуногуни варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони мамлакат дарак аз рушду нумӯи варзиш медиҳад. Ман тамоми мардуми ҷумҳуриро даъват менамоям, ки ба варзиш машғул шаванд, зеро он, пеш аз ҳама, ба солимии худи онҳо нигаронида шудааст», — гуфт ӯ.

Зарангези ЛАТИФ, 

Тоҳири САИД (акс),

АМИТ «Ховар»

 

Май 18, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд