Дар Вазорати маориф ва илм рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи васеи корӣ доир гардид, ки дар он рафти иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи Данғара 17 майи соли равон баён гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муовини Сарвазир аз мушкилиҳои асосии соҳа, дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва ба таври зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва вазъи таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос ёдовар шуд.
Инчунин Дилрабо Мансурӣ аз ба таври зарурӣ иҷро нагардидани Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ изҳори нигаронӣ намуд. Барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






