Дар вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат чанд рӯзи охир бо иштироки роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои ҳудудӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷ иброз намуд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ аз таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми мамлакат ва зиндагии осоиштаи мардум вобаста буда, саҳми сокинони меҳанпараст дар ин самт хеле муҳим мебошад.
Дар ҷамъомад, шаҳрвандони аз 18 то 55-сола аз ҳисоби ҷавонписарону мардон даъват гардида буданд ва бо иштироки фаъолона исбот намуданд, ки барои татбиқи сиёсати мудофиавии Ҳукумати мамлакат, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҳамеша омода ҳастанд.
Зимни санҷиши ҳолати омодагии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон миқдори зиёди техникаи хоҷагии халқ ҷамъ оварда шуда, бо омодагии ҳамаҷониба ба машғулияти пешбинигардида ҷалб карда шуданд.



Ҳадаф аз мунтазам баргузор намудани чунин ҷамъомаду машғулияти таълимӣ, аз як тараф санҷидани қувва ва воситаҳои моддӣ – техникӣ бошад, аз ҷониби дигар баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарӣ дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи ҷамъомад волидони сарбозоне, ки ҳоло фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат менамоянд, бо Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии сафарбарӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ ва Дӯстӣ низ доир гардид.
Дар назар аст, ки ба ин чорабинӣ ва машғулияти таълимии ҳарбӣ шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ низ фаро гирифта шаванд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






